МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ВАЗИФАИ ҲАР ФАРДИ ҶОМЕА

Кушониён: Вокуниш  

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷиноятӣ дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

Экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст.

Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм, яке аз масъалаҳои муҳимтарин, ки имрӯз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣ менамояд. Терроризм дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда шуда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ баромад менамояд.

Терроризм ва экстремизм ба ман­фиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ва ҷаҳон ташкил дода­ни низоми  ягона ва муосири мубори­за бар зидди терроризм ва эк­стремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад. Мубориза бо терроризм ва экстремизм ин фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар рӯ ба рӯи ин хатари байналмиллалӣ тақозо менамояд.

Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, вазифаи худро дар ин соҳа тавассути  мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад.

Бо мақсади пешгирии ҷавонон ва наврасон аз омилҳои номатлуб, шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2021, 207 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025 ба тасвиб расида, моро зарур аст, ки баҳри саривақ ва дар татбиқ амалишавии қарори мазкур, инчунин пешгирии ҷавонони ояндасози ватанамон корҳои ташвиқотиву тарғиботиро пайваста роҳандозӣ намоем.

Абдулоев Мирвоҳид мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён