НАҲЗАТИҲОИ ЛАЪИН САГОНИ УСТУХОНХУРАНД

Кушониён: Вокуниш  

Душманони давлату миллати тоҷик яъне, сияҳкорону ифротгароён, тули чандин солҳост, ки аз хориҷи кишвар истода, рушду нумуъ ва пешрафти Ватанамонро дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, амну амният нодида мегиранд, дар ҳаққи мо туҳматҳои бедалелро бор мекунанд, ба иштибоҳи бузург сахт роҳ медиҳанд. Халқи тоҷик дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бо шуру валвалаи як зумра исломгароёни мансабхоҳ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ дохил шуд, ки асоси ин нобасомониҳо саркардагони ҳизбӣ дар Тоҷикистон мамнуъгардидаи ҳамин назҳатиҳои исломӣ буд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо, ки мо ба интихоботи навбатӣ наздик шуда истодаем, ба либоси наҳзатиҳо кайк даромада, ниҳоят беқарору ноором шудаанд ва пайваста гуруҳчаҳои зиёде аз мухолифин масъалаҳои гуногунро ҷилавгирӣ намуда, гузоришҳои бемаъниву бемантиқро пахш менамоянд. Муҳиддин Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш низ аз қатор намонда, суҳбату гузоришҳои худро доир намуда, аз худ дарак дода истодааст. Кабирӣ боз мехоҳад, ки аз сари нав туҳмату буҳтонҳои беасосро ба сари роҳбарону масъулони кишварамон бор карда, мардумро ба доми фиреби навбатии худ бикашанд. Инчунин як тоифаи хурди мардуми тарафдорашон низ онҳоро дастгирӣ намуда,  бо думбураи онҳо рақсу сурудхонӣ  мекунанд.  Ин навбат наҳзатиҳо  бо номи нави худ “Паймони Миллӣ ” рӯи кор омада, “дар шароити ҷадид”  чӣ гуна мубориза бурданро тарҳрезӣ  намуда истодаанд.

Ҷангҳои  иттилоотие, ки зуд - зуд  аз тарафи ин хоинони миллат тариқи шабакаҳои интернетӣ сурат мегиранд, барои мафкураи мардумро вайрон сохтан, иғвову шӯр барошуфтан ва ноил шудан ба мақсаду ҳадафҳои ҳарисонаву нопокашон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар дарозои таърих таҷрибаи бою ғании ватандориву меҳандустӣ ва садоқат ба Ватанро дар худ касб намудааст. Бори охир соли 1992 (наҳзатиҳо ҷанги шаҳрвандиро умуман ба ёд овардан намехоҳанд) мардум заҳри қотили онро чашид, ки ба чӣ балоҳое гирифтор шуда будем вале дигар намехоҳанд он рузҳо пеши назар аён шавад.

Вале, Муҳиддин Кабирӣ барои ҳаммаслаконаш “дӯсти бад” будани худро борҳо исбот намуд. Бо нақшаҳои тарҳрезӣ намудаи ӯ чӣ қадар мардуми бегуноҳ, рафиқону дӯстонаш шароби шаҳодат нӯшиданду худ аз дур чун гурги маккор истода, бо қалби пурхун ин манзараҳоро тамошо намуд. Ҳаммаслакону ҳампаймононаш ба мақсаду ҳадафи гузоштаи Кабирӣ комёб нашуданд, шикаст хӯрданд, ки ин руйдод ӯро сахт ба шигифт овард ва ҳазорон бор шукр гуфт, ки зудтар фирор намуда, ҷон ба саломат бурдааст.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз мардуми мо ба таҳқиру хиёнатҳо, афсонахониву туҳматҳои ғаразноки наҳзатиҳо тавқи лаънат баста, онҳоро ҳамчун воизони дуруя ва хизматгору зархариди хоҷагони хориҷӣ қабул доранд.

Ҳакимзода Миҷгона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён