ТОЗАГИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ МАРОМИ МО ҲИЗБИЁН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва масъулини ҷамоати шаҳраки И. Сомонӣ бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атрофи биноҳои корӣ, маҳали зист, шанбегӣ доир намуданд. Маврид ба зикр аст, ки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо аъзоёни ҳизбӣ тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳафтае 2 маротиба шанбегӣ аз ҳисоби сокинон, кормандони ҷамоат, муассисаҳои таълимӣ ҳашари дастаҷамъона ташкил намуда дар корҳои ободониву созандагӣ, тозаги гирду атрофи бино, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу бутаҳо ва тозанамудани гулгаштҳо аз алафҳои бегона саҳми бозсазои худро гузоранд. Бояд гуфт, ки бо гузаронидани шанбегӣ дар маҳали худ мо метавонем дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.