ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «МАОРИФЧИЁН»

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 19.04.2024 Ҳакимзода Миҷгона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, муовини раиси ноҳия  Шукруллозода Дилафрӯз ва намояндагони муассисаи таълимии №35-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Маорифчиён”, бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд, инчунин вобаста ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни занону ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуби экстремистию террористӣ, роҳ надодан ба сару либоси бегона, бабар намудани сатр, пошхурии оилаҳои ҷавон ва пешгирӣ намудан аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо сокинони ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа вохӯрии судманд доир намуданд. оиси қайд аст, ки мулоқотҳо тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Кӯшониён роҳандозӣ гардида, пайваста атрофи мавзӯъҳои ташаккули худшиносии миллӣ ва мафкураи солимӣ ҳар як шахс дар мактаби давлатсозии Пешвои миллат, роҳҳо ва воситаҳои пешгирӣ аз ифротгароии динӣ дар ҷомеа ва паёмадҳои манфии сиёсисозии дин ва хатарҳои он барои ҷомеаи имрӯза андешаронӣ карда мешавад. Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, доир ба мавзуҳои дар болозикр суханронӣ намуда, дар ин росто оид ба таҳким бахшидани сафи аъзогӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид доданд.