ТАШАББУСКОРИҲОИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Ҳифзи модару кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери тавваҷуҳи доимии роҳбарияти олии мамлакат, махсусан зери таваҷҷуҳи бе воситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Бо ин мақсад санаи 18-уми апрели соли 2024 бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оила”-и бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини дар вазияти тантанавӣ ба 12- нафар тифлони навзоди ҷамоати деҳоти "Ориён"-и ноҳияи Кӯшониён шаҳодатномаи таввалуд ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.. Ҳамзамон гуфта шуд, ки волидайн вазифадоранд то дар мӯҳлати на дертар аз се моҳ барои бақайдгирии фарзандонашон ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои таваллуди кӯдак ва ё зисти падару модар муроҷиат намоянд.