ИҚДОМИ ШОИСТА ДАР РӮЗИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ АЗ ҶОНИБИ БАХШИ САҲШ-И НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БА ТИФЛОНИ НАВЗОД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Ҳифзи модару кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери тавваҷуҳи доимии роҳбарияти олии мамлакат, махсусан зери таваҷҷуҳи бе воситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Бо ин мақсад санаи 18-уми апрели соли 2024 дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин нақша-чорабиниҳои роҳбариятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти адлия бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оила”-и бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия дар шӯъбаи тавалудхонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо”-и беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён вохӯрии судманд доир карда шуд    Дар он муовини Сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Раҷабзода Бибираҷаб, сардори шӯъбаи кадрҳои Раёсати адлияи вилоят, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Иброҳизода Мумина Бозоралӣ, роҳбарияти беморхонаи марказии ноҳия ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.   Баромадкунандагон зимни мулоқот ба модарони тифлони навзод таъкид барон доштанд,ки дар асоси тартиботи муқараргардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, номгузорӣ ба фарзандон тибқи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ номи нек гузоранд.   Ҳамзамон гуфта шуд, ки волидайн вазифадоранд то дар мӯҳлати на дертар аз се моҳ барои бақайдгирии фарзандонашон ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои таваллуди кӯдак ва ё зисти падару модар муроҷиат намоянд.   Ҳаминтавр дар ин рӯз ба 10 - нафар навзодон аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия дар вазияти тантанавӣ шаҳодатномаи таввалуд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ расонида шуд.