ФЕСТИВАЛИ “САД РАНГИ ЧАКАН”

Кушониён:  

Бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ дар шаҳри Душанбе Фестивали “Сад ранги чакан” баргузор гардид, ки дар он бонувони фаъоли ноҳия ва бонуи ҳунарманди маркази ҳунаромӯзии “Армуғон” Гадоева Бибимо, иштирки бевосита доштанд.

Бояд қайд намуд, ки фестивали «Сад ранги чакан» бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик баргузор гардида, аз рӯйи 6 номинатсия - либосҳои қадима, либосҳои расмӣ, либосҳои рӯзмарра, либосҳои идона, либосҳои кӯдакона ва сӯзанидӯзӣ баргузор карда шуд..