КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Кушониён: Созандагони ватан  

 Санаи 17-уми апрели соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ-асоси ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ” баргузор гардид. Конференсияро ректори Донишкада доктори илмҳои техникӣ муҳтарам Исозода Диловаршоҳ Тариқ ҳусни оғоз бахшида аз ҷумла қайд намуданд, ки Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон,ки 28.12.соли 2023 ба Маҷлиси Олии мамлмкат ироа гардид, пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад.Эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати Ҳуқуқӣ”иқдоми саривақтӣ мебошад,зеро давлат ҳамон вақт рушд меёбад, кимардумаш соҳибмаърифат бошад , аз ҷумла маърифати ҳуқуқӣ дошта бошанд. Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеъи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст. Дар конференсия омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди нерӯи инсонӣ Мунисаи Муъмин дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат”,Абдуалиев Бахтиёр дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ –омили пешравиҳост”,ҳуқуқшиноси Донишкада Исмоилов Сафар дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ ва риояи қонун”,донишҷуи бахши якум Алимов Валиҷон дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ-асоси ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ” мақолаҳо қироат намуданд.  Ҳайати олимону муҳаққиқони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, ҳафтаи илми тоҷикро бо дастовардҳои назарраси илмӣ пешвоз мегиранд.

Ҳафтаи илм муборак соҳибилмони асил!