АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аъзоёну ҷонибдорони ҳизбӣ ҳар ҳафта рузи панҷшанбе ба аксияҳои дастаҷамъона баромада дар рафти корҳои ободониву созандагӣ саҳми бо мароми хешро гузошта истодаанд, ки ин навбат кормандони муассисаи таълимии №43-и ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” аксияи тозагӣ гузарониданд.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 18 апрели соли 2024 аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Кӯшониён аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардида истодааст. Дар аксияи мазкур аъзоёни ҳизб бо руҳияи баланди арҷгузори ба Ватан фаъолона ширкат варзида ба тоза намудани гирду атроф аз алафҳои бегонаи рангубор намудани зери дарахтон машғул гашта, саҳми худро гузошта истодаанд.

Боиси тазаккур аст, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.