ТАЪМИНИ ТОЗАГӢ АЗ ҶОМЕАИ СОЛИМ МАНШАЪ МЕГИРАД

Кушониён: Андеша  

 Тозагӣ ба инсон ва амалҳои ӯ алоқамандӣ дошта, ҳамчун мафҳумҳои покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, кӯдакони ноболиғу сару либос ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад. Инсоният дар ҳаёти рӯзмаррааш бояд қарзи инсонии хешро адо намуда, вазифадор аст, ки табиат ва муҳити хешро тоза нигоҳ дорад, зеро табиати инсон танҳо ба покӣ ва тозагӣ ниёз дошта, бе он зинда буда наметавонад. Мутаассифона, дар ҷамъият шахсоне вуҷуд доранд, ки муҳитро ифлос намуда, нисбати тозагӣ ва покии муҳит беаҳамиятона ва хунукназарона рафтор мекунанд. Бояд бо чунин шахсон мубориза бурда, кӯшиш кард, то онҳо низ аз пайи ислоҳи камбудии хеш гардида, покизакору хушрафтор гарданд.

        Тозагӣ, ки зери ин истилоҳ мафҳумҳои покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истикоматӣ, кӯдакони ноболиғу сару либос ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад, ба инсон вобастагй дорад. Ҳамаи инсонҳо чӣ марду чӣ зан, чи кӯдакону чӣ болиғон вазифадоранд, тозагиро ҳамчун воқеияти аввалиндараҷа қарзи асосии инсониашон шумурда, ҷомеа, маҳал, оилаи хешро ҳамеша тозаву озода нигаҳдор бошанд. Тоза нигоҳ доштани оби кулу дарёҳо асоси ҳастии инсону ҳамаи мавҷудоти рӯи замин, аз ҳама муҳим аст. Намебояд гузошт, то дар обҳо ифлосиҳо партоянд.

         Агар   дар   хонадон   зани   оқилаву   порсо   ва покдоману ҳалолкор вуҷуд дошта бошад, албатта, ҳама ашёҳо низ тозаву озода ва дар ҷои худ қарор мегиранд. Шуста истифода кардани меваву сабзавот, тоза нигоҳ доштани амволи хона низ муҳитро озода мегардонад. Нафас гирифтани ҳавои хубу дилкаш мояи тансиҳатии ҳамаи аҳли хонадон мегардад.  Аз ҳар гарду ғубор, нопокию ифлосӣ ва аз ҳар нафас ҳавое, ки мегирем, бояд покию тозагӣ хост.

            Хулоса, гарави тансиҳатии хар як инсон тозагии ӯст. Тозагии муҳити ӯ, дасту дилу дида, тозагии хонадони атроф, обу ҳаво маҳз ба худи инсон вобастагӣ дорад. Бисёр мебояд мулоҳизакор буд, то муҳит солиму озода ва фарзандон саломату барҷо бошанд. Бисёр мебояд кӯшид, то ҳамаи ҳастии ҳаётро пок дошт. Бисер мебояд ҷаҳд кард, то тансиҳат буд. Аммо барои ҳамаи ин бояд халолкору покизакирдор ва созишкору дӯстдори муҳити хеш буд. Ба ононе, ки тозагии муҳити экологии атрофро халалдор мекунанд, бояд мубориза бурд. Онҳоро ба тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як гулу гиёҳ ва обу хоки муқаддаси Ватани азиз даъват намуд.

Нурализода Малика - Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён