НИЁЗ БА ФАРҲАНГУ ЛИБОСИ БЕГОНА НАДОРЕМ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби либоспӯшии миллӣ, пешгирӣ аз роҳ ёфтани фарҳанги бегона имрӯз дар доираи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Раиси Кумитаи иҷроия Ҳакимзода Миҷгона дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, доир ба масъалаҳои тавлиди фарҳанги бегона, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ санаи 16.04.2024 дар деҳаи С.Муродови ҷамоати шаҳраки Бохтариён корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.

Тавре мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспӯшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд. Имрӯзҳо, мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти мӯди хориҷии барои мо носозгор рафта, либосҳое ба бар мекунанд, ки ба онҳо ҳеҷ зебанда нест, балки баръакс, ҳусни зебои онҳоро коста мекунад.

Боиси тассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.

Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.