ШАНБЕГӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо назардошти баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ, ҳар панҷшанбе ва шанбе то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил намудани ҳашарҳои умуминоҳиявӣ ба ҷалби васеи сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо ва дигар ташкилоту муасиссаҳо новобаста аз шакли идоракунӣ, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, анҷом додани корҳои ободонӣ ва гулшинонӣ сабзкорӣ ва ба шаклдарории дарахту буттаҳо дар идораҳои худ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Бо ин мақсад санаи 16-уми апрели соли 2024, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии "МАОРИФЧИЁН" бо иштироки васеи аъзои ташкилот, директори муассиса, кормандон омӯзгорон ва хонандагон ҳашари дастҷамъӣ баргузор гардид.

Дар шанбегӣ, иштирокчиён дарахтони гирду атрофи муассисаро ба тартиб дароварда, миёни гулҳои саҳни биноро аз алаф тозаву озод намуда, як қатор корҳои тоҳагиро ба сомон расониданд. Гузашта аз ин рӯзи якшанбе низ, ҳашари дастаҷамъӣ бо ҳамин минвол идома ёфт.