ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 12.04.2024 Нурализода Малика мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо ва Гулова Сафаргул мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар масъалаҳои тадбиқи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат, вобаста ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни занону ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуби экстремистию террористӣ, роҳ надодан ба сару либоси бегона, пошхурии оилаҳои ҷавон ва пешгирӣ намудан аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ғайра дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “СТАМОТОЛОГИЯ”, “ЭМНДС” вохӯрии судманд доир намуданд.

Боиси қайд аст, ки мулоқотҳо тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Кӯшониён роҳандозӣ гардида, пайваста атрофи мавзӯъҳои ташаккули худшиносии миллӣ ва мафкураи солимӣ ҳар як шахс дар мактаби давлатсозии Пешвои миллат, роҳҳо ва воситаҳои пешгирӣ аз ифротгароии динӣ дар ҷомеа ва паёмадҳои манфии сиёсисозии дин ва хатарҳои он барои ҷомеаи имрӯза андешаронӣ карда мешавад.

Зимни мулоқот кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, доир ба мавзуҳои дар болозикр суханронӣ намуда, дар ин росто оид ба таҳким бахшидани сафи аъзогӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид доданд.