МО ҶАВОНОН ХОИНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИКРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Кушониён: Вокуниш  

Вақтҳои охир бо маҳдуд гардидани доираи фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон расман манъ гардидани фаъолияти ин ҳизби тахрибкор роҳбари он хоини миллат  Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар бо супориш ва дастури хоҷагони хеш кӯшиш намуда истодааст, ки ҷавонон ва мардум ба хусус муҳоҷирони меҳнатиро гумроҳ намуда, тавассути онҳо амалҳои разилонаи хешро иҷро намояд.

Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки пас аз фаҳмидани мардум ва дарки амалҳои разилонаи наҳзат Кабирӣ бо супориши хоҷагонаш тарки наҳзат намуда, паймони миллиро таъсис дод. Бо ин амалаш Кабирӣ шояд гумон кунад, ки акнун мардумро дигарбора ба сӯи найрангҳои хеш кашида метавонад.

Аммо Кабирӣ ва хоҷагонаш дониста бошанд, ки дигар касе аз мардуми ба ору нанги тоҷик ва ҷавонони саодатманд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдонӣ нахохад кард. Зеро мақсаду нияти шумо хиёнат ба давлату миллат ва реша задан батешаи миллат аст.

Чун тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳӣ дорем, имрӯзҳо М.Кабирӣ даъво намуда истодааст, ки Ҷоизаи ҳуқуқшиноси даргузашта Файзиниссо Воҳидова таъсис дода шавад. Кабирӣ бояд донад, ки вақте ки Ф.Воҳидова даргузашт, шавҳараш ба наҳзатиён ва хоинони миллат муроҷиат намуда, зикр дошта буд, ки аз марги ҳамсараш ҳангома насозанд ва руҳашро ором гузоранд. Ин пешниҳоди Кабирӣ кори аблаҳона буда, танҳо аз ноогоҳӣ камсаводӣ ва беақлии ӯ шаҳодат медиҳад.

Сатторов Абдуғаффор - аъзои фаъоли ҳизб.