КАШИДАНИ ХАТИ ОБ САВОБИ ҶОРИЯ АСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо максади иҷрои босифати нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолӣ дар ташкилоти ибтидоии хизбии «Бӯстонқалъа»-и ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» бо ҷалби соҳибкорону сокинони деҳа дар масофаи 800 метр, ба 35 нафар оилаҳои камбизоат хати оби нӯшокӣ гузаронида шуда истодааст.

Аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва кашонидани хати оби ошомиданӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа Давлатов Қурбоналӣ дидан карда зикр намуданд, ки дар арафаи иди саиди фитр ин беҳтарин кори хайру савоб ба ҳисоб рафта, ҳамзамон ба ҳамаи иштирокдорон барои ин иқдоми хайрхоҳона миннатдории худро расониданд.