ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ХАТАР БА ОРОМИИ ҶОМЕА

Кушониён: Вокуниш  

 

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.

Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, чунин иброз менамоянд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханрониҳояшон доимо қайд менамоянд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Қурбониёни терроризим асосан ҷавонон мебошанд.

Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифроткор ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои нест намудани он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

 

Раиси иттифоки касабаи

кормандони сохаи маориф

Гуломзода Додарчон