АКСИЯИ ҲИЗБИИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ" - ПОС ДОШТАНИ РӮҲИ ГУЗАШТАГОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар оромгоҳи деҳаи Қизилбайрақ-2-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо иштироки мудирони шуъбаҳои таблиғот ва кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия – Ғуломов Ҳасан ва Собиров Далер аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" ташкил карда шуд. Раиси маҳалла Латиф Сабуров дар амалишавии ин кори хайр саҳми босазо дошта, иброз намуд, ки минбаъд ин анъана аз ҷониби аҳолии деҳа ҳамовозии амиқ пайдо менамояд.