ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади иҷрои Амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”- дар МТМУ №2-и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, даври 2-юми озмун, бо иштироки 30 нафар хонандагон баргузор гардид.Баҳри ҷараёни шафофи рафти озмун, ҳайати ҳакамонро директори муассиса, омӯзгорони пуртаҷриба ва мутахассисони соҳаи маориф довари намуданд. Бояд қайд кард, ки баргузории озмун барои тарғиби китобхонию китобдӯстӣ, дарёфти истеъдодҳои хуб, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари ровигӣ ва аз бар кардани асарҳои нависандагону шоирон, инчунин таълифи ашъори баландпояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин чеҳраҳои суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷоди, фаъолгардонии доираи забондони ва тараннумгари дастовардҳои замони истиқлолият мусоидат менамояд. Иштирокдорони озмун аз рӯи панҷ номинатсия, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоири маҳорати худро ба ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни озмун пешкаш намуда, беҳтаринҳо ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Бештари иштирокдорон, дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классик ва бачагона маҳорати хуб нишон доданд. Рафти озмун нишон медиҳад, ки сол то сол хоҳишмандон барои иштирок дар озмун бештар гардида, нафарони китобдӯсту шеърдӯст зиёд гардида истодааст.