МУСОБИҚАИ ЗЕҲНИИ ШАШКА МИЁНИ БОНУВОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади инкишофи нерӯи солими ҷомеа, баланд бардоштани маҳорату малакаи насли наврас, бахусус ҷавонон занону бонувон дар риштаи варзиш, сайқал додани фикрронӣ ва инкишофи нерӯи зеҳнӣ миёнизанону бонувони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" ба муносибати ҷашни “Рӯзи модарон” бозии шашка ва шоҳмот баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти зеҳниву фикрии ҷомеа, пешгирӣ намудан аз паҳн шудани ақидаҳои ифротӣ, инчунин рушди ин намуди варзиш бо роҳи ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии беҳтаринҳо дар ин самт мебошад.