"РӮЗИ ЁДОВАРӢ" ШОД НАМУДАНИ АРВОҲИ ГУЗАШТАГОН АСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар оромгоҳи деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён  ва дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоат Назаров Наврӯз, раиси маҳаллаи Пахтакор ва фаъолони деҳа амалиёти муштарак зери унвони  "Рӯзи ёдоварӣ" ташкил карда шуд. Дар чорабинии ҳизбӣ  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштироки фаъолона карда, дар тозаву озода кардани гирду атроф ва дохили оромгоҳи деҳа саҳми муносиби худро гузоштанд.