МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд.

Бо ҳамин мақсад санаи 2 марти соли 2024  дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”, вохӯрии гурӯҳи корӣ бо иштироки директори муассиса, муовинони директор ва волидони муҳассилин маҷлиси васеи Кумитаи падару модарон баргузор карда шуд.

Зимни маҷлис як қатор масъалаҳо аз қабили риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи маориф, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", сатҳи дониш ва тарбияи муҳассилин, риояи талаботи либоси расмӣ дар муассиса, ташкилу роҳандозии корҳои ободонию тозагардонӣ, пешгирии ҷавонон аз нашъмандӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва пешгирӣ аз сар задани муноқишаҳои гурӯҳӣ дар байни ноболиғон ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчубаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст.