ШАНБЕГӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бомақсади гузаронидани корҳои шанбегӣ дар ноҳияи Кӯшониён ва бо назардошти баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ, ҳар шанбе ва якшанбе то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил намудани ҳашарҳои умуминоҳиявӣ бо ҷалби васеи сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо ва дигар ташкилоту муасиссаҳо новобаста аз шакли идоракунӣ, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, анҷом додани корҳои ободонӣ ва гулшинонӣ сабзкорӣ ва ба шаклдарории дарахту буттаҳо дар шоҳроҳҳо, деҳаҳо ва идораҳои худ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Бо ин мақсад, масъулони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаҳову маҳалаҳо бо иштироки васеи аъзои ташкилот, кормандон омӯзгорон ва хонандагон ҳашари дастҷамъӣ баргузор намуда истодаанд.

Дар шанбегӣ, иштирокчиён дарахтони гирду атрофи коргоҳи худро ба тартиб дароварда, миёни гулҳои саҳни биноро аз алаф тозаву озода намуданд. Гузашта аз ин чунин корҳои ободонӣ низ тариқи ҳашари дастаҷамъӣ бо ҳамин минвол идома хоҳад ёфт.