ШАНБЕГӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади гузаронидани корҳои шанбегӣ дар ноҳияи Кӯшониён ва бо назардошти баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ, ҳар шанбе ва якшанбе то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил намудани ҳашарҳои умуминоҳиявӣ бо ҷалби васеи сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли идоракунӣ, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, анҷом додани корҳои ободонӣ ва гулшинонӣ сабзкорӣ ва ба шаклдарории дарахту буттаҳо дар шоҳроҳҳо, деҳаҳо ва идораҳои худ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Бо ин мақсад, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ҷамоати деҳоти Заргар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "МАОРИФЧИЁН" - бо иштироки васеи аъзои ташкилот, кормандон омӯзгорон ва хонандагон ҳашари дастҷамъӣ баргузор гардид.

Дар шанбегӣ, иштирокчиён дарахтони гирду атрофи коргоҳи худро ба тартиб дароварда, миёни гулҳои саҳни биноро аз алаф озод намуданд. Гузашта аз ин рӯзи якшанбе низ, ҳашари дастаҷамъӣ бо ҳамин минвол идома ёфт.