ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА ДАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22-ми феврали соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ” чорабинии илмию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ватан марзи саодат парваратро пос медорем” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нрҳияи Кӯшониён, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” Валиев Б ва раисони ташкилоту корхонаҳо иштирок намуданд.

Бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ дар толори муассисаи мазкур намоиши идона оид ба дастовардҳои омӯзгорону хонандагон аз қабили медалу ифтихорномаҳо, сипоснома, корҳои амалӣ, маҳсули эҷоду ихтирои хонандагон, расомӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ҳамзамон дар гушаи дигари намоишгоҳ китобу асарҳои илмиву таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба забони тоҷикӣ ва таърихӣ ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шудаанд.