СИТОДИ НОҲИЯВӢ ОИД БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНПИСАРОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДОИР ГАРДИД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори Камиссарияти ҳарбии ноҳияи Кӯшониён ҷаласаи ситоди ноҳиявӣ оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Ситод Ҳакимзода Миҷгона, доир гардид.

Дар кори ситод аъзоëни ситод ширкат варзида аз натиҷаи таъмини ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва омодагӣ ба он маълумот доданд.

Камиссарияти ҳарбии ноҳия оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2024 шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997 - 2006 ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда қайд намуд, ки камиссарияти ҳарбии ноҳия омодагӣ ба даъвати баҳориро аз моҳи январи соли ҷорӣ оғоз намуда, ба даъватшавандагон даъватномаи омӯзишӣ дода истодааст.

Баъдан аз ҷониби муовини раиси ноҳия Қаҳорзода Нурмаҳмад масъулин ва роҳбарони идораю муассисаҳо дар мӯҳлатҳои муайяншуда ҷамъбаст намудани нақшаи даъвати баҳорӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.