ҶАРАЁНИ ОМОДАГИҲО БА ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Кушониён:  

Бо мақсади тақвият бахшидани корҳо дар самти баргузории озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” вохӯрии раиси Комиссияи даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ бо масъулини муассисаҳои таълимии ноҳия дар мавзӯи омодагии ҳамаҷонибаи довталабони озмуни мазкур ба давраҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Бояд қайд кард, ки баргузории озмун барои тарғиби китобхонию китобдӯстӣ, дарёфти истеъдодҳои хуб, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари ровигӣ ва аз бар кардани асарҳои нависандагону шоирон, инчунин таълифи ашъори баландпояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин чеҳраҳои суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ ва тараннумгари дастовардҳои замони истиқлолият мусоидат менамояд.

Иштирокдорони озмун аз рӯи панҷ номинатсия, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва маҳорати шоирии худро ба ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни озмун пешкаш намуда, беҳтаринҳо ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Бештари иштирокдорон, дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классик ва бачагона маҳорати хуб нишон доданд.