АҚИДАҲОИ ДУР АЗ ҲАҚИҚАТ

Кушониён: Вокуниш  

Нерӯҳои экстремистиву террористӣ, ки дар берун аз кишвар, дар хориҷ қарор доранд, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста фаъолияти худро давом дода истодаанд. Терроризм ва экстремизм дар замони ҳозира яке аз хатарҳои мудҳиш ба Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо гуруҳҳои террористӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ ба яке аз манбаъҳои паҳнкунандаи ғояҳои ифротгароӣ ва ҷалби мардум ба ҷангу ҷидол мубаддал гаштааст.

Интернет бо имкониятҳои дастрасӣ ба доираҳои васеи аҳолӣ, ба ифротгароён роҳандозӣ намудани ҳама гуна ҳамлаҳои иттилоотии ғаразнокро фароҳам овардааст. Хусусан, таблиғгарони ифротгаро ба монанди М.Кабирӣ, М.Садриддин ва дигар мухолифин нисбат ба давлату ҳукумати кишварамон, роҳбари давлат ва кормандони давлатӣ ақидаҳои дурӯғу бофта ва ғаразноки вобаста ба масъалаҳои муноқишаи байни Қирғизистон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва баланд шудани нархҳоро асоснок карданӣ мешаванд ва мақсадашон даҳшатафканӣ, мардумро ба шӯр овардан ва ҷой кардани ақидаҳои ифротии худ мебошад.

Ҳамаи ин ақидаҳои бебунёд, ғаразнок ва ботили ифротгароён аз ҳақиқат фарсахҳо дур буда, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои нопок, ташвиқотҳои ҷангҷӯёна ва беасосона ба роҳ монда шудааанд.

Чунин амалҳои зишту беасос талаб мекунанд, ки мо дар ҳамбастагӣ бо ҳар як фарди ҷомеа зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани терроризму экстемизм фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои тақвияти сулҳу субот, Истиқлолияти давлатӣ ва зиндагии шоиста аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода намоем.

Абдуллоев Мирвоҳид- мудири шуъбаи омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён