ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШГАРОНИ НОҲИЯ НАЗАРРАСАНД

Кушониён:  

 Санаи 19 феврали соли 2024, таҳти Раёсати раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Саидбеки Сафарбек ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Ҷавонон ва Варзиш” Шукрона Маҳмадализода, директори мактаби варзишии ноҳия Парвиз Азимов, аъзоёни Шӯро, варзишгарони собиқадорон, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, устодони варзиш ва кормандони ташкилоту идораҳо Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.

Тибқи рӯзномаи кори Шӯро сараввал ҳисоботи кории мудири бахши кор бо ҷавонон варзиши ноҳия Шукрона Маҳмадализода шунида шуд. Қайд гардид, ки бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, оммавияти варзиш, солимгардонии аҳолӣ ва иҷроиши нақшаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия зиёда аз 15 адад иншооти варзишӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони ватандӯст ба нақша гирифта шудааст.

Варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи сайёра мебошад, ки имрӯз дар ноҳия рушд ёфта истодааст. Дар ин муддат беш аз 548 маротиба бозиҳои варзиши гузаронида шудааст, ки тамоми сокинони ноҳия дар ин мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона ширкат варзидаанд. Дар соли 2023 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, беш аз 240 медал ба даст овардаанд, ки аз ин шумора 129 медалли тилло,54 медали нуқра ва 57 медали биринҷӣ мебошад.

Ҳамзамон 5 медал, 2 адад тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷи, дар Чемпионати Осиё оид ба намуди Муай-тай, ки дар ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардидааст, ба даст овардаанд. Қайд карда шуд, ки мову шуморо зарур дар пайрави аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тараққиву таҷаллии Ватани маҳбубамонро дар байни ҳама кишварҳои дунё ба таврӣ шоиста муаррифӣ намоем. Баъд аз шунидани ҳисоботи котиби Шӯро, нақшаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии барои нимсолаи аввали соли 2024 аз тарафи аъзоёни Шӯро тасдиқ гардид.

Дар фарҷоми кори Шӯро, ба як қатор роҳбарон ва кормандони ташкилоту идораҳо, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва устодони варзиш Сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд аз тарафи макомоти иҷроияи хокимияти давлатии нохия ва бахши кор бо Ҷавонон ва варзиши нохияи Кушониён супорида шуданд.