УБАЙДИ ЗОКОНӢ АДИБИ НОТАКРОР

Кушониён:  

Низомуддин Убайди Зоконӣ яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти тоҷику форс аст. Ӯ аз тарафи муҳаққиқон ва ховаршиносон дар таърихи адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс бузургтарин адиби ҳаҷвнигор эътироф шудааст. Чун сухан аз ҳаҷву мутоиба равад, ҳамоно симои ин адиби фозилу оқил, ҳамабину ҳамадон пеши назар меояд.

Убайди Зоконӣ соли 1270 дар деҳаи Зокони вилояти Қазвин (дар қисмати шимоли Эрон) дида ба ҷаҳон бикшуд. Номе, ки волидайнаш ба ӯ гузошта буданд, Убайдуллоҳ буд. Шоир чун ба камол расид, номашро андак ихтисор (Убайд) намуда, онро тахаллуси хеш қарор дод ва бо номи Убайди Зоконӣ маъруфу машҳур гардид.

Бо мақсади огоҳ намудани насли наврас аз ҳаёту фаъолияти ин адиби бузург дар асоси нақша чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ҳафтаи адиб дар МТМУ №5, бо қироати шеърҳо, саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва маълумотҳо аз фаъолияту рӯзгори ин шахсияти бузург бо иштироки васеи хонандагон доир карда шуд.