ДАСТГИРИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дастгири намудани ташабусҳои ҳизбӣ бо ҷалби раисони ташкилотҳои ибтидои, аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳияи Кӯшониён, баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маъракаҳои гуногун амалӣ гардида истодааст.

Дар ин замина бо ташкили чорабиниҳои тарғиботиву амалисозии ҳашарҳои дастҷамъонаю аксияҳои гуногун, аз ҷониби масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баҳри зебову дилнишин гардонидан ва ҳусни дигар гирифтани ноҳия «Тозагии соҳил» доир карда шуд.

Масъулони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои Заргар Бохатариён ва Бустонқалъа масоҳати 1.5 км тариқи техника ва 8 км тариқи ҳашари дастаҷамъонаи сокинон дохили заҳбуру заҳкашҳо ва маҳҳалҳои обгузар аз қамишзорҳо, алафҳои худрўйи заҳкаш, партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленро ба пуррагӣ тоза гардида, дар ин самт корҳо идома доранд.