БАРРАСИИ НУҚТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМИ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 19 феврали соли равон вобаста ба шарҳу баррасии нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо”-и беморхонаи марказӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода М, Сардухтури беморхона ва табибону ҳамшираҳои шафқат иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода М. зимни суханронии хеш иброз намуд, ки ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози фаро гирифтани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, таъмини амният, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, саноат, энергетика ва дигар соҳаҳо яке аз маъракаи муҳими сиёсӣ дар низоми давлатдорӣ  ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки воқеан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати падидаи нав дар амалияи конститутсионии кишвар бешубҳа санади муайянкунандаи дурнамои ҷомеа эътироф шудааст, зеро дар он дастовардҳои дирӯзу имрӯз таҳлил гардида, имкони фароҳам овардани шароит барои дастовардҳои ояндаи кишвар муайян мегардад.

Дар фарҷом ба хотири хизматҳои шоён ва саривақт ба иҷро расонидани супоришҳои ҳизбӣ аз тарфи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода М. ба сардухтури беморхона туҳфа ва сипоснома тақдим гардид.