МАЪРАКАИ ГУЛШИНОНӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17-уми феврали соли равон дар доираи иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, гулгашти майдонҳо ва барои истиқбол гирифтани ҷашни байналмилалилии Наврӯз дар маркази ноҳия маъракаи гулшинонӣ баргузор гардид.

Бо ин мақсад ҳар як фарди Тоҷикистон уҳдадор аст, ки барои ба  “Шаҳри сабз” табдил додани Тоҷикистони азизамон  ва дар сатҳи баланд таҷлил кардани иду ҷашнҳои миллӣ дар ободонию хуррамгардонии диёрамон ҳамарӯза саҳми шоистаи худро гузорад.

Бояд қайд кард, ки дар асоси нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани маркази ноҳия минбаъд низ бо ширкати сокинон, кормандон ва аъзоёни ҳизбӣ чунин иқдом ва шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.