ВАРЗИШ ВОСИТАИ МУҲИМИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТӢ ВА ТАШАККУЛИ ҶИСМОНИИ ИНСОН МЕБОШАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Варзиш воқеан ҳам воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон буда, мунтазам машғул гардидан бо он махсусан дар замони ҳозира бисёр муфид аст. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти милии ҷавонону наврасон ва оммавӣ гардонии намуди бозиҳои варзишӣ бахшида ба таъсиссёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” миёни хонандагони муассисаи таълимии №5 ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён мусобиқаҳои варзишӣ доир гардид.