АЁДАТИ САРБОЗОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати сарбозони қисмҳои низомӣ ва мусоидат дар беҳтар гардонии шароити будубошти онҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Имрӯз тибқи фармоиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар арафаи ҷашни таъсисёбии 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозону афсарони қисми ҳарбии Қисми низомии 07017-и Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён аёдат карда шуданд.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғафурзода Р. ва аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.

Зимни аёдат, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона иброз намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистони азизи мо таҳти сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери ливои сулҳу осудагӣ зиндагӣ доранд. Бигузор сулҳу осудагии тоҷикон поянда бошад! Шумо, ҳомиёни Ватан, ки имрӯз қарзи фарзандии худро дар назди Модар – Ватан адо намуда истодаед, бо садоқату матонат намунаи беҳтарини ҷавонони даврони соҳибистиқлол мебошед ва ин ҷавонон, ки имрӯз дар ин ҷамъомад ҳузур доранд, аз Шумо дарси мардонагӣ меомӯзанд.