БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ТОЗАГӢ ВАЗИФАИ МО ҶАВОНОН”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 12-юми феврали соли ҷорӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Аксияҳои тозагӣ зери унвони “Тозагӣ вазифаи мо ҷавонон” баргузор гардида истодааст.

Масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар ноҳияи Кӯшониён, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагӣ вазифаи мо ҷавонон”-ро бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён, кӯчаю деҳа, назди идораву корхона ва лаби каналу ҷӯйҳо ба роҳ монда монданд.

Пас рисолат ва қарзи шаҳрвандии мо аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин рӯзҳои фараҳбахши таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли кишвари азизамон бо ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ баҳри шукуфоии ватани маҳбубамон, Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бандем.