ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ “СОАТИ СИЁСӢ”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

    Кӯшониён: /18./05./2022/ Мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳия бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия ҷамъомад баргузор намуданд.

    Дар ҷамъомад пеш аз ҳама, вобаста ба ташаббуси нави ҳизбӣ “РОҲ БА СӮИ МАОРИФ” маълумоти муфассал дода, қайд намуданд, ки дар ин самт Нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ тасдиқ гардидааст. Ин ташаббус асосан дар ду бахш - «Соати сиёсӣ» ва «Мактаби ман» роҳандозӣ карда мешавад.

    Дар «Соати сиёсӣ», ки тибқи нақша дар як моҳ як маротиба доир мегардад, аслан мавзӯъҳои вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир, асосҳо ва дастовардҳои Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, экстремизм ва тундгароӣ ва дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим, ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ, амнияти иттилоотӣ, асосҳои идеологии кишвар, эҳтиром ба мақоми маориф ва омӯзгор мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Ҳамчунин, доир ба роҳандозӣ намудани аксияҳои ҳизбӣ, тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мубориза бар зидди гурӯҳҳои хатарзои террористиву экстремистӣ ибрози андеша намуданд.