ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ

Кушониён: Созандагони ватан  

Тавсифи Сарвари давлат ба ҷавонони давраи соҳибистиқлолии кишварамон ҳамчун нерӯи созанда мазмун ва мантиқи амиқи воқеӣ дорад. Зеро аз як нигоҳ фақат насле, ки дар давраи соҳибихтиёрии давлат тавлид ёфтаанд воқеан фарогирандаи қишри ҷавони аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз нигоҳи дигар фаҳмишу дарки илм ва технологияи замони муосир ба давраи инкишоф ва бакамолрасии чунин қишри ҷомеа рост меояд. Яъне, дар замони мазкур (солҳои соҳибихтиёрии давлат) дар муқоиса ба тамоми давраи давлатдории тоҷикон имкониятҳои омӯзишию таҳсилӣ бо дастгириҳою сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат дар сатҳи хеле баланд, таъмин карда шудааст.

Дар асоси ин гуфтаҳо санаи 25 январи соли 2024 бо мақсади дарк намудани таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ миёни наврасону ҷавонон,  директори муассисаи таълимии №71-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”  миёни хонандагони синфҳои 9-10 суҳбату мулоқотҳои судманд доир намуд.

Зимни суҳбат директори муассиса қайд намуд, ки худоогоҳиву худшиносии миллӣ ҷавононро водор месозад, ки ба қадри Модар–Ватан, муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ, озодӣ, соҳибистиқлолӣ, инчунин, ба арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумур ва таъриху фарҳанги куҳани халқи худ расанд ва барои гузоштани мероси арзанда ба наслҳои оянда кӯшиш намоянд.