ВУСЪАТИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба мусоид омадани бодуҳаво ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шаҳри сабз табдил намудани кишвари азизамон инчунин тадбирҳои солимгардонии муҳити зист тавассути кабудизоркунӣ ва сарсабзу зебо гардонии ҳар як гӯшаи ватани азизамон Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгириҳои аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ-и ноҳияи Кӯшониён дар тамоми шаҳраку деҳотҳои ҳудуди ноҳия тариқи ҳашари дастаҷамъона маракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабзи арча баргузор гардида истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ироа намудаашон таъкид доштаанд, ки бояд то соли 2040 дар ҷумҳурӣ Барномаи давлатӣ оид ба кабудзоркунӣ қабул карда шавад, дар ин замина ташаббускориҳову дастгириҳои аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат ёфта, аз ин лиҳоз сокинони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Навбаҳор" аз Паём рӯҳу илҳоми тоза гирифта, тариқи ҳашари дастаҷамъона ба шинонидани 50 тан дарахтони ҳамешасабзи арча пардохтанд.