СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БО МАБЛАҒГУЗОРИИ АҲОЛӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 бо мақсади ободонӣ, таъмиру азнавсозӣ ва корҳо шанбегӣ тибқи ҳашари дастаҷамъона вусъат ёфта истодааст. Ин навбат омӯзгорон тасмим гирифтанд, ки гирду атрофи муассисаро бо хишти сементӣ девор намуда, маҳкам намоянд.

Ҳамарӯза, кормандони муассиса бо сарварии директор ба корҳои сохтмон машғул буда, тариқи ҳашари дастаҷамъона дар ин кори хайр саҳм гузошта истодаанд. Тибқи иттиллои директори муассиса корҳои таъмирӣ рӯзҳои наздик хотима ёфта, бинои муассисаро бо ҳам зебою назараббо мегардонад.