РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "МАОРИФЧИЁН"

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва зиёд намудани майдони кишти картошка, санаи 27 декабри соли равон, дар МТМУ №54-и ташкилоти ибтидоии "МАОРИФЧИЁН" кишти картошка баргузор гардид.

Зикр бояд кард, ки самти фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба пахтакорӣ ва зироаткорӣ нигаронида шудааст иттилоъ дод роҳбари хоҷагии деҳқонӣ. Бояд қаид намуд, ки хоҷагии мазкур ҳар сол заминҳоро самараноку оқилона истифода бурда, 2-3 ҳосил мерӯёнад ва саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузорад.