“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 11 январи соли 2024 бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист” дар деҳаи Киров ва Мирзо Турсунзодаи ҷамоати деҳоти "Заргар"- и ноҳияи Кӯшониён, бо ҷалби 800 нафар сокинон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор шуд.

Дар чорабинии ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаи худро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карда, зери дарахтонро нарм намуданд.

Дар охири амалиёт кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо иштирокдорон мулоқот доир намуда, оиди масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд. Ҳамзамон масъулини ҳизбӣ ба сокинон ҷиҳати дастгирии амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” минатдории хешро баён доштанд.