ТАЪМИРИ МУАССИСАҲО ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАОРИФЧИЁН”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 бо мақсади ободонӣ, таъмиру азнавсозӣ ва корҳои шанбегӣ тибқи ҳашари дастаҷамъона вусъат ёфта истодааст. Ин навбат омӯзгорон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб тасмим гирифтанд, ки роҳравҳои гирду атрофи муассисаро семент рӯпуш намоянд.

Ҳамарӯза, кормандони муассиса бо сарварии директор ба корҳои сохтмон машғул буда, тариқи ҳашари дастаҷамъона дар ин кори хайр саҳм гузошта истодаанд. 

Тибқи иттиллои директори муассиса корҳои таъмирӣ рӯзҳои наздик хотима ёфта, бинои муассисаро боз ҳам зебою назараббо мегардонанд.