“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 2 декабри соли 2024 дар деҳаи Қаҳрамон, ҷамоати деҳоти "Ориён"- и ноҳияи Кӯшониён, тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор шуд. Дар чорабинии ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаи худро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карда, зери дарахтонро нарм намуданд. Дар охири амалиёт кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориён” бо иштирокдорон мулоқот доир намуда, оиди масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд. Ҳамзамон масъулин ба сокинони деҳаи мазкур ҷиҳати дастгирии амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” минатдории хешро баён намуданд.