САХОВАТМАНДӢ ПЕШАИ НЕКОН БУВАД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимон ва эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ қарор доданд.

Дар пайравӣ аз ин иқдоми шоиста ашхоси хирадманд, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои кишвар ҳамасола ба ятимону бепарасторон ва одамони эҳтиёҷманд дар арафаи ҷашну идҳо кумакҳои яквақтаина мерасонанд.

Нимаи аввали рузи 29-уми декабри соли 2023 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи як қатор соҳибкорон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави мелодӣ зиеда ба 10-оилаи камбизоат ва маъюбӣ ҷамоати деҳоти Заргар ва Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён кумаки яквақтаинаи маводҳои ниези аввал расонида шуд.

Амризода Бадахшон муовини раиси ноҳияи Кӯшониён бо оилаҳои камбизоату эҳтиеҷманд суҳбати озоду самими доир намуд, ки ҳар кадом аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва шахсони саховатпеша изҳори минатдорӣ намуданд. Дар охир барои боз осоиштагии Тоҷикистони Соҳибистиқлол дуои хайр карданд.