КУМАК БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН – ПАЙГИРӢ АЗ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳаёт меҳри волидонро ба фарзанд ҳаргиз касони дигар дода наметавонанд. Зеро он меҳр пайванди хунӣ буда, ба фарзандон эҳсоси ногуфтанӣ мебахшад. Бисёр фазилатҳост, ки онҳоро ба ҷуз падару модар ягон нафари дигар дар ҳаёт доро буда наметавонад. Аммо имрӯзҳо кам нестанд онҳое, ки бо амри тақдир аз ин неъмат маҳруманд ва ҳамеша ба худ мутаккою ғамхор меҷӯянд. Шукрона аз замони соҳибистиқлолӣ имрӯзҳо кулли ятимони кишвар эҳсоси танҳоиро дар худ надоранд. Чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои ятимпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ятимонро дастгирӣ намуда, тамоми шароитҳои лозимаро баҳри онҳо муҳайё сохтаанд.

Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони Ҳизб муасисаҳои №5 ва №62 и ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”- и ноҳия   чун анъана дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ ба хонандагони ятими муасисаҳои болозикр либоси гарми зимистона, хуроки яквақтаина ва туҳфаҳои Солинавӣ   туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Чунин иқдомҳо дар тамоми муассисаҳои ҳудуди ноҳия ба роҳ монда шуда ятимону бепарасторон пайваста зери таваҷҷуҳи маъмурият қарор доранд.