СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГИИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27 декабри соли 2023 бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия инчунин сокинону соҳибкорони маҳал, бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳакимзода Миҷгона, кормандони соҳаи маориф ва сокинони деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, дар назди МТМУ №69-и ноҳия ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар фазои идона ба истифода дода шуданд.

Боиси қайд аст, ки бунёди синфхонаҳои иловагӣ туҳфаи саривақтӣ ба хонандагон ва омӯзгорони ин муассиса гардида, чунин иқдоми неки хайрхоҳона хонандагону омӯзгоронро аз норасогии синфхонаҳо ва ҷойи нишаст, ки боиси азият кашидани онҳо гардида буд раҳо менамояд. Бояд хотирасон намуд, ки синфхонаҳои иловагӣ, бо сифати баланд сохташуда бо тамоми лавозимоти мактабӣ ва айёниятҳои лозима муҷҷаҳаз карда шудаанд.

Зимни иштироки худ раиси ноҳия суханронӣ намуда, ба ташабускорон ва масуълини соҳа барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён намуда, барои саҳм гузоштан ва иштироки фаъолона дар корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ ба як қатор омӯзгорон ва сокинони маҳал Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро супориданд.