БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САТТОРИЁН”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва зиёд намудани майдони кишти картошка, санаи 27 декабри соли равон, роҳбарияти ноҳия, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва дигар кормандони корхонаву ташкилотҳо аз рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка дар хоҷагии “Сатториёни”-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳор дидан намуданд.

Зикр бояд кард, ки самти фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба пахтакорӣ ва зироаткорӣ нигаронида шудааст иттилоъ дод роҳбари хоҷагии деҳқонӣ. Бояд қайд намуд, ки хоҷагии мазкур ҳар сол заминҳоро самараноку оқилона истифода бурда, 2-3 ҳосил мерӯёнад ва саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузорад.

Раиси ноҳия пеш аз оғоз бахшидани корҳо бо сарвари хоҷагии зикршуда ва роҳбарони самти кишоварзӣ мулоқоти сарироҳӣ намуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои киштшаванда, саривақт кишт намудани зироатҳои ғалладонагӣ, картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дастуру тавсияҳои судманд доданд.

Дар фарҷом Раиси ноҳия ва иштирокдорон ба кишти картошка оғоз бахшида, ба хоҷагидор муваффақияту бурдборӣ хостанд ва барои саҳми онҳо дар самти кишоварзии ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд.