САҲМИ БЕАНДОЗАИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо масъалаи тарбия гирифтани кӯдак дар оила ё кӯдакистон баҳсталаб аст. Бархе аз падару модарон хоҳиши дар муассисаи томактабӣ тарбия гирифтани кӯдакро надоранд.

Муассисаи томактабӣ дорои низоми ташкилию тарбиявӣ буда, кӯдаконро дар рӯҳияи устувории ирода, рафтори нек тарбия менамояд ва дар онҳо қобиляти эҳсос кардани мақсаду хоҳиши худ, хоҳиши ҳамсолон ва талаботи калонсолонро ташаккул медиҳад. Кӯдак дар кӯдакистон бо бачагон будану якҷоя амал карданро ёд мегирад. Кӯдакистон, хусусан, ба кӯдаконе, ки дар оила фарзанди ягонаанд, хело зарур аст. Бартарии боғча дар он аст, ки кӯдак маҳорати муошират карданро бо дигар кӯдакон аз худ мекунад, дар байни ҳамсолон фикри худро баён карда, ба фикри дигарон гӯш доданро меомӯзад. Барои ҳамин падару модарон барои дар боғча тарбия гирифтани фарзандашон масъуланд.

Санаи 19- уми ноябри соли 2023, муовини раиси ноҳия Қаҳорзода Абдуҷабор бо ҳамроҳии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Исмоили Сомонӣ" рафти сохтмони боғчаи бачагонаро дар маркази ноҳия дидан намуданд.

Боиси қайд аст, ки корҳои сохтмони бинои боғча ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз гардида, бояд гуфт, ки дар авҷи аъло идома дорад.

Бунёди чунин биноҳои наву замонавӣ барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат намуда, баъди ба истифода додани он кудакон метавонанд аз он васеъ истифода намоянд. Ҳамзамон, ин имкон медиҳад, ки норасогии ҷой барои кудакон дар боғчаҳои марказӣ рафъ гарданд.