ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №8

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 14 декабри соли равон дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯшониён, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бохтариён бинои нави 12 синфхонаи иловагии МТМУ №8-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва масъулин иштирок намуданд. Дар назди муассисаи таълимии №8-и ноҳияи Кӯшониён сохтмони бинои иловагии муассисаи мазкур аз 12 синфхона барои 600 ҷойи нишаст дар ду баст, аз ҳисоби буҷети маҳалӣ ва кумитаи падару модарон бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ба муассисаи мазкур аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 144 адад миз, 288 адад курсӣ, 12 адад ҷевон, 12 адад мизу курсӣ барои омӯзгорон 12 адад тахтаи синфӣ дастрас карда шудааст. Ҳамзамон баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати дониш, бартараф намудани мушкилоти ҷойи нишаст дар ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи Хиштзавод сохтмони бинои нав барои зиёда аз 2000 нафар хонандагон дар ду баст ва як муассисаи томактабӣ барои зиёда аз 350 нафар кӯдак ба нақша гирифта шудааст.

Дар идома, баъд аз шиносоӣ бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар саҳни бино омӯзгорону хонандагон суҳбат карданд. Эшон аз ғамхориҳои беназири Пешвои миллат дар самти маориф изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар рушди ҷомеа саҳми бештар хоҳанд гузошт.