ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ ПАХТА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ИФТИХОРИ ВАТАН”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 15 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ифтихори Ватан”-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати технологӣ дар он шинос шуданд.

Зимни боздид, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди фаъолияти хати технологӣ, иқдоми соҳибкори ватанӣ Анвар Раҳмоновро ҷиҳати таъсиси чунин як иншооти калони саноатӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот муҳим арзёбӣ карда, масъулонро барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли ин намуди маҳсулот ва коркарди он то ҳадди ниҳоӣ вазифадор намуданд.

Масоҳати умумии замини корхонаи “Ифтихори Ватан” дар ноҳияи Кӯшониён 1 гектарро ташкил дода, дар он мувофиқи лоиҳа бинои истеҳсолот бо муҷаҳҳазсозии дастгоҳу технологияи муосир, анбори нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 700 тонна пунбадонаи пахта, ҳуҷраҳои корию истироҳатӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст.

Бояд гуфт, ки корхона аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, он дар доираи ҳадафҳои муҳими стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бунёд шудааст. Корхона дар як мавсим иқтидор дорад, ки 5 ҳазор тонна ашёи хомро бо ҷалби 30 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ коркард намояд.